Мансабҳои нави Юсуфӣ, Одинаев ва Матхолов
Махфират Юсуфӣ, рӯзноманигор ва шоираи тоҷик, ки то ҳол муҳаррири барномаҳои “Насими Субҳ”-и радиои Тоҷикистон буд, сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе” таъин шудааст.
Дар ин бора манобеи “Озодагон” аз Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки инчунин Раҳматулло Одинаев сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилӣ ва Обид Матхолов, муовини директор радиои Тоҷикистон таъин гардидаанд. То ҳол Одинаев масъули сомонаи радиои Тоҷикистон ва Матхолов сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии радиои Тоҷикистон будааст.
Манбаъ илова намуд, Машраб Маликов, ки то ҳол мудири шуъбаи танзими барномаҳои радиои Тоҷикистон буд, сармуҳаррири радиои “Овози тоҷик” таъин гардидааст. Хабари қаблӣ, ки Шоира Раҳимҷон, сармуҳаррири “Садои Душанбе” шудааст, такзиб гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |