Амри маъруфи полковник дар намози ҷумъа: Худо ба сару либоси шумо назар намекунад
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бори дигар ба намозгузорони тоҷик ҳушдор доданд, дар сурати мушоҳида шудани нишонаҳои марбут ба ҳаракатҳои мамнуи мазҳабӣ дар кишвар алайҳашон чора андешида хоҳад шуд.
Полковники милиса Саидзода Зикруллоҳ Алӣ, сардори факултаи 5-уми Академияи Вазорати умури дохилии кишвар рӯзи 7 август дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ҳар намозгузоре, ки дар амалҳояш нишонаҳои ғайриҳанафия мушоҳида мешавад, мавриди бозпурсӣ қарор мегирад.
Ӯ мактаби Имои Аъзамро мазҳаби машҳуру бузург ном бурда, бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, “дар Тоҷикистон як дину як мазҳаб, яъне дини Ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам амал мекунаду ба дигар мазоҳиб эҳтиёҷ надорем. Аз ин мазҳаб беш аз миллиард мусулмон ё 77 дарсади мусалмонон пайравӣ мекунанд”.
Полковник Саидзода ҳадафи ташрифаш дар садри як ҳайати Вазорати умури дохилӣ ба Масҷиди марказиро огоҳии намозгузорон унвон кард: “Тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти беш аз 10 ҳаракат дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон шудааст ва мақсади мо ҳам имрӯз огаҳ кардани шумо ҳаст, ки агар дар ҳар нафаре нишона ва амалҳои ин гуруҳҳои ҷиноӣ зоҳир шавад, мақомот бевосита онҳоро бозпурсӣ хоҳад кард ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ нисбати онҳо пешбинӣ гардидааст”.
Ӯ таъкид кард, ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар асоси масъулияти ҳуқуқияшон, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи сокинон аст, сурат хоҳад гирифт. Вай аз намозгузорон даъват кард, ба гуфтаҳои қонунгузору раҳбари интихобкардаи худ гӯш биҳанду аз фармудаҳои ӯ итоат кунанд. Полковники Вазорати умури дохилии кишвар дар идома ба масъалаи сару либоси баъзе аз бонувони тоҷик низ дахл карда, онҳоро ба шиддат мавриди интиқод қарор дод. Ӯ изҳор дошт, “масъалаи сару либос ҳоло миёни сокинон бисёр машҳур шудааст ва паёмбар (с) гуфтааст, Худованд ҳеч гоҳ ба сурат ва сару либоси шумо назар намекунад, балки ба ба дил ва амали шумо назар мекунад. Имрӯз баъзеҳо тақлид ба фарҳангу маданият ва маърифати мардуми дигар мекунанд, ки урён аст ё ба пуррагӣ баданашон менамояд, мебахшед, Алҳамдулиллоҳ ва Субҳоналлоҳ ин сатр не, макр аст”.
Ин суҳбатҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки ахиран масъулини ВКД аз ташкили гуруҳҳо бо шумули кормандони ин ниҳод барои шиносоии пайравони мазҳаби ғайриҳанафия дар масоҷиди кишвар хабар доданд. Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки амнияти ҳаракати раисиҷумҳур ва меҳмонони олиқадрро дар роҳҳои кишвар таъмин мекунад, рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.
Ба гуфтаи Ҳомидзода, дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.
Ба дунбол, рӯзи шашуми август масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон семинареро барои ҳайати шахсӣ ва раҳбарони ҷузъу томҳои ин ниҳод дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор карда, онҳоро бо ақида ва тарзи намозгузории пайравони Ҳанафия ошно карданд. Ин семинар таҳти унвони “Афзалият ва ҷойгоҳи таълимоти мазҳаби Имом Абӯҳанифа барои таъмини амният ва осоиш дар ҷомеа” дар толори маҷлисгоҳи ин ниҳод баргузор шуд. Ба иттилои торнамои расмии ВКД, дар семинар полковники милиса Саидзода Зикрулло Алӣ, сардори факултаи 5-уми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон суханронӣ карда, ба иштирокдорон дар бораи ходиму олимони диние, ки ҳамчун давомдиҳандаи Имоми Аъзам шинохта шудаанд, маърӯза кардааст. Инчунин полковники милиса дар бораи ақидаҳои Имоми Аъзам дар дини Ислом, ҷиҳод аз нигоҳи Имоми Аъзам ва тарзи намозгузории пайравони мазҳаби Ҳанафия суҳбат кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |