Дар Тоҷикистон ба ошпази беҳтарин "Кафгири тилоӣ" медиҳанд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ғолиби имсолаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палав”-ро “Кафгири тиллоӣ” интизор аст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, Фестивал-озмуни “Оши палов” алакай дар даҳаи аввали моҳи август дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз шуда, дар ду давр -- ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад: “Мақсад аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад”.
Манбаъ меафзояд, даври ҷамъбастии Фестивал-озмун 22 август чун ҳамасола дар Дар душанбе баргузор шуда, “дар он беҳтарин ошпазҳо, ғолибони даври ноҳиявӣ ҷамъ омада, бо тамоми нозукиҳо ва ҳунарнамоиҳо оши палав пухта, дастархони намоишӣ меороянд. Тибқи нишондоди Кумитаи тадорукоти Фестивал-озмун ҳар ошпаз ҳамон палави хоси ноҳияи худро пухта, ба ҳар ноҳия гузоштани то 3 деги ғунҷоишаш тақрибан 20 кг тавсия дода мешавад”.
Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг мегӯяд, дастранҷи ошпазҳо аз рӯи шартҳои баҳогузорӣ шуда, ғолиби асосӣ бо “Кафгири тиллоӣ” ва ғолибони ҷойҳои дигар бо туҳфаву диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |