Бахшҳо

Ротатсия: Р. Эмомалӣ ҷойи 166 кормандашро иваз кард

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз фасод дар ниҳоди зертобеяш ротатсия ё худ ҷойивазкунии кормандонро амалӣ намудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод то 6-уми августи соли равон ҷойи кори 166 корманд ва мансабдори Оҷонсии зидди фасод иваз карда шуд: “Ин иқдом бо назардошти тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ ва бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии кормандон ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва муовиқи талаботи Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд”.

Ҷойивазкунии кадрҳо дар пайи аттестатсияе сурат гирифт, ки ахиран боиси аз кор озод шудани 56 масъули Агентӣ гардид. Ин ниҳод мегӯяд, аттестатсия баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати кадрии раҳбари пешини ин ниҳод роҳандозӣ шуд.

Манбаъ мегӯяд, дар асоси супоришҳои президент, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баён гардидаанд, роҳбарияти Агентӣ бо ташкили ду комиссияи салоҳиятнок ва ҷалби мутахассисон аз Дастгоҳи иҷроияи президент, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кормандонашро мавриди санҷиш қарор дод: “Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи аттестатсияи мазкур дар он буд, ки ҳангоми гузаронидани аттестатсия воситаҳои аёнӣ истифода мешуданд. Баромади ҳар як аттестатсияшаванда ба навор гирифта шуда, малакаи кории онҳо бо компютер амалан мавриди санҷиш қарор мегирифт”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, аттестатсия 79 хизматчии давлатии соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва 309 корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентиро фаро гирифт: “Мувофиқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ 16 хизматчии давлатии самти назорати давлатии молиявӣ ва 40 корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуда, аз мансабҳои ишғолкарда озод ва аз мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд”.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи феврали соли равон аз сиёсати кадрӣ ва зуд-зуд иваз шудани масъулини ин ниҳод интиқод намуда, таъкид кард, ки ба интихоби кормандони болаёқат таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа аз коргарони ин ниҳод шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, ки худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванд: “Ман медонам, инҳо ба чӣ кор машғуланд. Он қадар шумораатон зиёд нест. Агар ҳамин стили кориятон бошад, ин сохторро барҳам медиҳам. Қисматон барои худатон кор карда истодаед, проблема эҷод карда истодаед. Вақте корманди Агентии зидди коррупсия худ даст ба коррупсия мезанад, ин чӣ гуна сохтор асту чӣ гуна методи қабули кормандон аст?”
Мӯҳр
Рустам
Аз иваз кардани чои чамъшавандахо хосили чамъ тагир намеёбадддддд....

вима
Бадахшонро санчед, 60% результат мегирен1

Акнун дигар ба инхо хешу таборхояшон мошину хона тухфа мекарда бошанд?

Озоди- Шумо танхо як акси Рустами Эмомалиро доред. хар навбат хаминро момонед.

Инсон
Хуб мешуд, чавони хуб як коре мекард, ки мардум аз корупсия наметарсиду корупсия авз мардум хазар мекард. А ин аз корупсия гуфта дигар намедонанд чи кор кунанд. Бару бир гунагори.

Аз аттестатсия нагузаштани корманд асос барои хорич кардани у аз кор шуда наметавонад. Ачиб. ки ин 56 нафарро бо кадом асос аз кор ронда бошанд....

Мо сохибкорон дар кучое кор накунем хам барои корупсия доляшона таёр карда мемонем. Мумкин мегуен ки нагз кор куну доля нате. Не намешад. Якбор хамихел кардам доля надодам ва ба акташон имзо намондам 6- мох даву тоз карда доказат кардам. Локин рузе паспортама иваз мекардам гуфтан, ки ман доги суди дорам. Яъне суд маро кардаанду боз амнисия кардаанд ва ман хабар надорам. Пас аз ин ман карор додам ки каме конуншикани кунаму барои онхо чи хеле муовинвшон гуфтан, хадя таёр карда мондан гирам. Озодагон илтимос чоп кунед

Осмон
Албата ин боиси пешравист, ки Ротатсияи кадрхои роХбарикананда дар вазорату идорах сурьат гирифтаистодааст. Ин раванд хушбахтона барои Рустами Эмомалиро мухим будаасту барои Вазири фарханг Орумбекзода ро не ? Аз хама дар Вазорат ду шубаи мухим солхои зиед 15 сол шуд дар як вазифа кор кардаистоданд!ин хунукназари ба конухои амалкунанда мебошад? Барои моро дар Вазорат ротатсия мухим будаасту барои шуьбаи бухгалтери ва дурнамо не? Худ казоват кунед?

Мухтарам Рустами Эмомали.
Сад илтимос дорам, хамин нотариусхоро аз Душанбе то Бадахошу Хучанд як бор аз галбер гузаронед. Ягон нархномаро риоя намекунанд, барои як хуччати ночиз маблаги калон мегиранд. Дар аксари мамлакатхо нтариусхои шахси низ амал мекунанд, дар Точикистони мо 1-2 тоги нотариус талабони ахолиро конеъ кардан наметавонанд, мардум барои як хуччати содда хафтахоро аз даст медихад, барои хамин барои тез анчом додани кор маблаги хангуфтро ба ин муфтхурон медиханд. Ба чои 6-7 сомни 60 70 сомни мегиранд, агар хуччати мухимтар бошад, факат бо забони доллар харф мезананд.
Бовари дорам, Шумо хамчун кадри бакувват ва боэътимоди Чаноби Оли ин проблемаи барои мардумро хеле тез хал кардан метавонед. Пешаки ташаккур мегуям, зеро бовари дорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)