АКС: Боздошти шаҳрванди Афғонистон барои интиқоли сомониҳои қалбакӣ
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон хабар дод, ки дар интиқоли пулҳои қалбакӣ ба қаламрави кишвар муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳангоми санҷиш дар толори назорати гумрукии Панҷи-Поёни вилояти Хатлон аз қисми дарунии таҳпӯши Ҷовид Абдулвакил, сокини 33-солаи вилояти Тахори Афғонистон “10 адад купюраҳои шубҳаноки арзишашон садсомонаи Тоҷикистон” ёфт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, пулҳои мусодирашударо барои ташхис ва хулосабарорӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристодаанд. Ба иттилои Хадамоти гумрук, дар робита ба ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |