Мусодираи 169 силоҳ ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи 8 нафар дар Суғд
Дар қаламрави вилояти Суғд тайи шаш моҳи соли равон наздики 170 аслиҳаи гуногунтамға дарёфт ва мусодира гардидааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аз 169 силоҳи мусодирашуда, “як адад автомат, 13 туфангча, 10 адад силоҳи оташфишони миллашон рахпеч ва 145 адад силоҳи оташфишони суфтамил” мебошад.
Раёсати корҳои дохилии вилоят мегӯяд, “барои нигоҳдошти ғайриқонунии силоҳи оташфишон алайҳи 8 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |