Шикояти милисаҳо аз пулҷамъкунии раҳбарият барои “ин сӯ он сӯ”
Гуруҳе аз маъмурони пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод аз роҳбарияти худ шикоят доранд, ки ҳар моҳ муҳосибот аз маошашон беасос маблағи муайянро мегирад.
Кормандони ин ШКД, ки нахостанд номашон ифшо шавад, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, “ҳар моҳ тақрибан аз 25 то 70 сомониро аз маош мегиранд. Вақте сабаб ва ҳадафи пулҷамъкуниро мепурсем, шарҳ намедиҳанд, мегӯянд барои “ин су он сӯ”.
Як корманди дигари ШКД-и Шӯрообод афзуд, дар баробари пулҷамъкунӣ масъалаи рухсатии меҳнатӣ низ онҳоро нигарон кардааст: “Мо барои рухсатии меҳнатӣ гузориш менависем, ҷавобамон намедиҳанд. Вақте сафари корӣ равонамон мекунанд, маблағи онро ҳам намедиҳанд. Талаб мекунем, мегӯянд, натиҷаи корӣ надоред”.
Аммо Саидаҳтам Одинавев, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод дар шарҳи шикояти кормандонаш ба “Озодагон” гуфт, дар мавриди пулҷамъкунӣ чизе гуфта наметавонад: “Агар ном ва насабашро нагӯед, чизе гуфта наметавонам”.
Оқои Одинаев қайд намуд, рухсатии меҳнатӣ тибқи қонуни меҳнат дода мешавад ва барои суҳбати бештар хост ба утоқи корияш ҳозир шавем.
Дар ҳамин ҳол милисаҳои норозии ШКД изҳор доштанд, дар маҷмӯъ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба кормандони ин ниҳод қаноатманданд, танҳо хоҳиш доранд, вазорат фаъолияти роҳбарияти ШКД-и Шӯроободро мавриди санҷиш қарор диҳаду мушкили кормандонашро ҳал кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |