300 ҳазори Э.Раҳмон ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ

Мукофоти пулии Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президент таъсис ёфт, муайян гардид.
Варзишгарони тоҷики ғолиби мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ин ба баъд бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Инчунин ба варзишгароне, ки дар муосбиқаҳои байналмилалӣ медали нуқра ё биринҷӣ ба даст овардаанд, мутаносибан 200 -150 ҳазор сомонӣ мукофот таъйин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳавасманд кардани варзишгарони тоҷик моҳи январи соли равон зери фармоне имзо гузошт, ки аз ҳисоби фондаш барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи махсус ташкил карда шавад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон он замон гуфт, раисиҷумҳур ба ҳукумати кишвар ду моҳ муҳлат дода буд, то Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президентро таҳия ва тасдиқ намояду масоили ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро ҳал кунад.
Ин дар ҳолест, ахиран масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз муайян шудани ступендия дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ барои иштирокдорони тоҷик дар олимпиадаи соли 2016 хабар доданд.
Дар олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистон 15 варзишгар иштирок хоҳад кард. Роҳбарии гуруҳи мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик бар уҳда дошта, барои омодагии ин тим аз ҳисоби буҷети давлат 700 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |