Шанбе, 5 Апрел 2025
Додситони кулл зану кӯдакфурӯширо дар Тоҷикистон шарҳ дод

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон дар робита ба харидуфурӯши одамон 7 парвандаи ҷиноӣ баъди тафтиш барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, аз 7 парвандае, ки соли равон ба додгоҳ ирсол шудаанд, дар панҷ ҳолат ҷабрдидаҳо занон мебошанд. Додситонии кулл афзуд, дар шашмоҳаи аввали соли гузашта дар робита ба харидуфурӯши одамон 16 парванда боз шуда буд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти ахири хабарияш дар шарҳи ин парвандаҳо таъкид намуд, аксари онҳо ба нақзи қоидаҳои фарзандхонӣ рабт доранд: “Ин ҷо харидуфурӯши одам ба маънои он, ки барои ғуломӣ ё истисмори шаҳвонӣ фурӯхта мешаванд, нест. Аксаран расмиёти фарзандхонӣ вайрон мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Зариф Ализода, омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба масъалаи “кӯдакфурӯшӣ” дахл карда, гуфт ҳолатҳое ҳастанд, ки кӯдакро аз таваллудхона ба шахси дигар медиҳанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар бархе ҳолатҳо шаклан ҷиноят ҳасту мазмунан ҷиноят нест. Омбудсмен аз ҷумла ҳолатҳоеро мисол овард, ки кӯдакро таваллуд карда, бе қайди расмӣ онро ба каси дигар медиҳанд: “Албатта ҳастанд, ҳолатҳое, ки ба ивази маблағҳои ночиз, масалан 200 сомонӣ кӯдакашонро медиҳанд. Ин ҷо омӯхтан даркор, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондан даркор".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |