Бахшҳо
06 авг 2015 09:33Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Бозгашти ҷангиёни тоҷик: Аз заминбӯсӣ дар фурудгоҳ то воизони “рӯзахур”-и ДИИШ (АКС)

Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвар аз бозгашти даҳҳо ҷавони тоҷик аз ҷангҳои Ироқу Сурия хабар доданд.

Дар ин гузориш, ки шоми 5-уми август намоиш дода шуд, бархе ҷангҷӯёни собиқи ДИИШ ҳангоми вуруд ба хоки Тоҷикистон дар фурудгоҳ ба зону зада, хоки Ватанро мебӯсиданд ва қисми дигар хок ба пешонӣ молида, изҳор медоштанд, ки бояд шукронаи оромию осоиштагии Ватан кард. Бозгаштаҳо аз кори кардаашон изҳори пушаймонӣ карда, аз ҷавонони кишвар даъват намуданд, ки фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ нашаванд, зеро Исломи воқеӣ дар Тоҷикистон аст.

Ҷамолбӣ Ҳамидова, як сокини шаҳри Душанбе дар гузориш изҳор дошт, ки ҳамроҳи шавҳараш ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваста, бо ваъдаи пули калон аз Краснодар тариқи Туркия ба Сурия рафтаанд: “Дар Сурия ба ҷанг рафт, омад, ки ярадор, ҷароҳатҳояшро калон-калон дӯхтаанд. Фаҳмид, ки фиребаш кардаанд ва гуфт, ки як бори дигар агар баргардад, дигар ба ҷанг намеравад. Ин дафъа рафту як ҳафта пас хабари маргашро оварданд”.

Рустам Ҳаётов, сокини 18-солаи ноҳияи Восеъ, ки соли 2012 барои таҳсил ба Туркия рафтаасту баъдан ба ДИИШ пайвастааст, изҳор дошт, воизони ДИИШ, ки даъвои исломиро доранд, худашон рӯза намедоранд, дар вақти намоз хобанд ва бо занҳои шавҳарашон мурдагӣ бе никоҳ ҳамхоба мешаванд.

Ҳаётов дар баробари ҷангиёни дигари баргашта аз Сурияю Ироқ - Фаррух Шарипов, сокини шаҳри Хуҷанд, Мавзуна Мирзоева, сокини Шаҳритус, Ҷаҳонгир Темуров, сокини шаҳри Чкаловск, Аъзамҷон Хоҷаев, сокини шаҳри Турсунзода ва дигарон аз зӯроварию ваҳшонияти ДИИШ интиқод намуданд. Ба гуфтаи бозгаштаҳо бисёре аз онҳое, ки дар Сурияю Ироқ меҷанганд, аз кардаашон пушаймонанд, аммо роҳи бозгашт надоранд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон беш аз 500 ҷангҷӯи тоҷик ба Сурияю Ироқ рафтаанд, ки то ҳол наздики 150 нафарашон кушта шудаанд.


Бозгашти ҷангиёни тоҷик: Аз заминбӯсӣ дар фурудгоҳ то воизони “рӯзахур”-и ДИИШ (АКС)

Бозгашти ҷангиёни тоҷик: Аз заминбӯсӣ дар фурудгоҳ то воизони “рӯзахур”-и ДИИШ (АКС)

Бозгашти ҷангиёни тоҷик: Аз заминбӯсӣ дар фурудгоҳ то воизони “рӯзахур”-и ДИИШ (АКС)

Бозгашти ҷангиёни тоҷик: Аз заминбӯсӣ дар фурудгоҳ то воизони “рӯзахур”-и ДИИШ (АКС)
Мӯҳр
Фотима
чаро рафтанд? барои пул?
ин чи гуна исломпарасти, ки тайёранд дигаронро (мусулмононро) бикушанд?

али
Афсонаи бузаки чингилапой

Ин бечорахо акалан либоси доишиашонро накашидаанд ха ха вакте дуруг мебофед хами хел бофед ки бовар кунанд ин афсонаро кудак хам бовар надорад.барои як рамзи дииш хукм метиянду инчо собик "чангчуёни" дииш бо рамзхои худ ва хатто бо силох ай самолет фуромадай.ай хандара мырдем

.
Ин нафаронеро ки намоиш доданд, ягонтоаш аз ДИИШ нест. ДИИШихо дар пешониашон наколка бо рамзи ДИИШ доранд.

судя
ба хар хол агар одам накушта бошанд хам, ба нияти куштан рафтаанд. Бисераш куштор анчомм додагИ, чунки бе ин шарт ба онхо бовар намекарданд!Миллату Ватанро фурухтанд, ки нобахшиданист.
Так , что болояшон дело кушода, чазо гиранд, то хакикат собит шавад.

Усмон
Афсонаи бузаки чингилапо инхо ягонтааш аз тч берун нарафтаанд

Саид Кухистон
Инхоя гуфтан намешавад боз барои переварод кардани вазъияти тенчи имрузаи Точикистон ташкил карда набошанд, Ай дасти инхо хама корхои ахмакона миёяд

Дуруст гуфтед пагох даркор шавад аз барои пул тамоми халки точикро хам мекушанд ва мефурушанд ..беномусхо фикри ояндаи кудаку наберахои худ накарда аз барои 1-2 доллар ватанамонтро ноором мекунанд.....

Ким кадом мургора инча ефта ДИИШ гуфта истоден, онхо бинира пок карда наметонан

Ас
Ба хохарам Фотима. Офарин, бисёр дуруст гуфтед - ин исломпарасти аст, мусалмон бояд Худопарасту хакпараст бошад, худопараст дар хама гуна шакли давлатдори мусалмон боки мемонад. Ин ДИИШ мардумро террор карда ба "машина времени" шинонда базур ба асри 7 бурданист. Монанди тамоми хизбхои дигари исломи, аммо бо методи нисбати дигарон берахмона, хунхорию террористи. Нест бод давлати исломии ироку шом!

Довуд
Э хоки ватан ай тахти Сулаймон бехтарай. Сахт буса кунен ин хоки мукаддаса. Дируз аз Норак омадам. Бовар кунен хамватанон, ин Ватани мо-Точикистони азиз бихиштай. На самом деле бихишти руи замин. Аз хамин Душанбеи азиз, лекин гарму тафсон рафта дар бахри Норак истирохат кардем. Харчанд нархаш гаронтар. Ин масъаларо дар сатхи боло хал кардан лозим. Барои мардуми худамон. Барои чиновникои ишкамкалон не, барои мардуми Точикистон. Все таки ватанамонро мо бояд худамон обод кунем

аli
Хукумати мо барои онхое ки зидди доиш мечанганд ягон чора мебинад ё мумкинай ба хукумати Ироку Сурия ери додан?илтимос чавобро зуд бидихед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)