Бахшҳо
06 авг 2015 09:27Тоҷикистон / CV / Иқтисодӣ

10 миллион юани Чин ба сокинони зарардидаи Тоҷикистон

Мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, барои зарардидагон аз офати табиӣ дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион доллар кумак кунанд.

Тибқи иттилои хабаргузориҳои Чин, масъулини Бахши хориҷии Вазорати тиҷорати ин кишвар гуфтаанд, барои кумак ба сокинони зарардидаи Тоҷикистон аз офати табиӣ 10 миллион юан ё 1,63 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Манбаъ афзуда, ин кумак рӯзҳои наздик ба мақомоти тоҷик тақдим хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Ян Чзечӣ, узви Шӯрои давлатии Чин дар мулоқот бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин ҳамдардии раҳбарият ва мардуми кишварашро ба мардуми Тоҷикистон дар робита ба офати табии ахир баён карда, омодагии Чинро барои кумак эълон карда буд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар пайи фаромадани ярчу омадани сел дар бархе шаҳру навоҳии кишвар бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намуд, ки барои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти тоҷик кӯмак кунанд.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, даҳаи дуюми моҳи июл, дар пайи боришоту обхезӣ ва селфароӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хоҷагии қишлоқ, соҳаи нақлиёту энергетика беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонда шуд.
Мӯҳр
Сухроб
Аз ВАО-и кишвар хохиш карда мешавад сарфи маблагхои чудошударо назорат намоянд, чун ки ин микдор маблагхои калон дар рох ба ЧТ буг шуда ба ахолии зарардида намерасанд. Бигзор макомот хар як сомонии сарфкардаашонро гузориш диханд. Худованд инсоф дихаду хамин кумакхо ба офатзадагон расанд. Омин

Х,АР КАС ЗИ ХАЗОНА БУРД ЧИЗЕ, ГУФТАНД: МАБАР К-ИН ГУНОХ АСТ,
ТАСЛИМ НАМУДАВУ ГИРИФТАНД, ДУЗДИ НАГИРИФТА ПОДШОХ ХАСТ.ЭРАЧ МИРЗО "ОРИФНОМА"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)