Боздошти сокини 30-солаи пойтахт барои “муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ”
Кормандони пулиси шаҳри Душанбе як марди 30-соларо бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ боздошт кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин мард 5 август дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст: “Гумонбаршуда аз моҳи май то инҷониб дар нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар бозори “Корвон”, ҳамчун хазинадор ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, бидуни бақайдгирӣ ва иҷозатномаи махсус ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба миқдори калон машғул шудааст”.
Манбаъ меафзояд, боздоштшуда инчунин барои анҷом додани амалиёти ҳаррӯзааш аз бонк 50000 сомонӣ гирифта, "бо ин қонеъ нашуда, аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ 31815 доллари ИМА, 1477800 рубли ФР, 8000 евро, 582 юани Чин ва 11343 сомониро ғайриқонунӣ ба муомилот баровардааст”.
ВКД мегӯяд, феълан нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |