Бахшҳо
05 авг 2015 18:46Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Додситонӣ изҳороти фармондеҳи “Воҳиди махсус”-ро дар масҷид месанҷад

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд изҳороти полковник Бароталӣ Ҳомидзода, фармондеҳи Воҳиди махсуси ВКД-ро дар мавриди он ки алайҳи пайравони равияҳои ғайриҳанафӣ чораандешӣ мешавад, мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.

Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳор дошт, ки аз чунин изҳорот иттилое надоранд, аммо санҷиш мегузаронанд, ки полковники милиса дар кадом шакл ва аз номи кӣ чунин изҳорот додааст. Сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон кишвари дунявист ва ин масъули ВКД аз номи давлат ҳақ надорад, чунин изҳорот диҳад.

Ин дар ҳолест, ки Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки амнияти ҳаракати раисиҷумҳур ва меҳмонони олиқадрро дар роҳҳои кишвар таъмин мекунад, рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.

Ба гуфтаи Ҳомидзода, дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қарорҳое алайҳи ришу ҳиҷоб гирифта нашудааст ва иқдомоте, ки роҳандозӣ мешаванд, ба хотири гиромӣ ва нигаҳдошти фарҳангу арзишҳои миллӣ мебошанд.
Мӯҳр
Гаи
Охир барои чи росташро икрор намешавед? Беш аз 95% кормандони макомоти хам милиса ва хам амният на конуни дунявиро медонанд ва на ухравиашро.

Агашка
Эҳааа нав ба ёдатон омад, ки дар ин Республика исмоилияву православҳо ҳам ҳастанд?
Хэ хэ хэ хэ... дар ҷонакатон гардам милисаҳо!

в
Бовари дорам ин полковник ин суханро аз пеши худ нагуфтааст. Аз боло фармон шудаги аст.

бе ном
Бояд дар ҷумҳури ҳар як ташкилот кори худро иҷро кунад. Ин ташкилот кори худашро монда ба дигар кор мешғул аст. Беҳуда баҳуда дар автомашинҳои шахсиро медоранд.Оё дар кишвар ташкилоти махсусси ГАИ ҳаст ку онҳо ба чи кор машғул мебошанд.Шумо аввал худатон намоз хонед баъд ба намозхони дигарон кордор шавед.

Хакикатчуй
Аз додситони илтимос агар баротали хомидзода гунахкор бошад илтимос уро паси панчара шинонед ки ба дигаронаш Дарси ибрат шавад. Озоди ташаккури бепоен.

Хонанда
Барои чи раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба ин савол чавоб медихад бояд ба ин савол раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корхои дохилии Прокуратураи генералии Тоҷикистон чавоб дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)