Шукурҷон Зуҳуров ба Лео Хеллер: Қариб 30% аҳолии Тоҷикистон шароити хуби санитарӣ дорад
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Лео Хеллер, маърӯзачии вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ мулоқот кардааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот имрӯз, 5 август сурат пазируфта, дар ҷараёни он масъалаи тақвияти ҳамкориҳои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ин ниҳоди СММ, нақши парлумони Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист баррасӣ шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров дар бораи нақши вакилони Маҷлиси намояндагон барои фароҳам овардани фазои қонунӣ ҷиҳати мусоидати мустақим ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ маълумот дода, таъкид кардааст, парлумони Тоҷикистон дар ин замина қонунҳои алоҳида қабул намуда, ҳамзамон вобаста ба талаботи рӯзмарра ба як қатор қонунҳо тағйироту иловаҳо ворид кардааст: “Имрӯз масъалаи асосие, ки дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, аз он иборат аст, ки ба чӣ тариқ уҳдадориҳои эълоншуда метавонанд ба амалиёт ва нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста, татбиқи комилу амалии худро ҷиҳати беҳбуди ҳаёти ҳар фард пайдо намоянд”.
Ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин зикр намуд, ки тавре ки дар ҳисоботи солҳои охир оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола зикр шудааст, тайи ду даҳсолаи охир зиёда аз 2,1 миллиард одамон бо об беҳтар таъмин гашта, шароити санитарии 1,9 миллиард сокинони замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст: “Дар баробари ин, ҳоло ҳам 768 миллион нафар обро аз сарчашмаҳои хатарнок истеъмол намуда, тақрибан барои 2,5 миллиард сокинони сайёра шароити аввалияи санитарӣ дастнорас аст”.
Оқои Зуҳуров таъкид кардааст, имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он шароити хуби санитарӣ дорад: “Дар панҷ соли охир Ҳукумати кишвар барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 20 стратегия ва барномаву нақшаҳои корӣ қабул кардааст, ки дар чаҳорчӯби онҳо барои лоиҳаҳои мушаххас зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ масраф мешавад”.
Ӯ дар идома афзуда, Тоҷикистон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикиаш, ки аз ин лиҳоз дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд, ибтикор нишон додааст. Нерӯи эҳтимолии барқи мо, ки ба андозаи 527 миллиард киловатт-соат дар як сол арзёбӣ мегардад, то ҳол фақат ба қадри 3-4 фоиз истифода мешаваду халос.
Лео Хеллер низ дар навбати худ аз талошҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бахусус Комиссияи экологии ин мақоми олии қонунгузор ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои ҳуқуқӣ ҷиҳати ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ таъмин намудани аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошта, барномаи онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |