АКС: Роҳбаладони “Сомон Эйр” бо либосҳои ширкати туркии “Remtex Uniform” парвоз мекунанд
Либоси расмии роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дигар шудааст.
Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” ба “Озодагон” гуфт, либоси роҳбаладон аз ин баъд аз рангҳои марҷонӣ ва обӣ иборат буда, бастаи либосҳои нави занона аз нимдоман, шим, пиҷак, гарданбанд, плаш, ду намуд пойафзол ва либоси мардона аз шиму костюм, курта, гарданбанд, плаш ва пойафзол иборат мебошад: “Дар либоси роҳбаладон нишонаи ширкати ҳавопаймоӣ дарҷ гардидааст. Гарданбандҳо бо нақшу нигори шарқӣ оро дода шудаанд, ки дар дохили ҳавопаймои “Боинг 737-900” низ ин ороишро дидан мумкин аст”.
Ба иттилои Тимур Бандишоев либосҳои навро ширкати туркии “Remtex Uniform” омода кардааст.
“Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |