Ҳалокати як ҷавони 19-сола дар пайи муноқиша дар Шӯрообод
Дар пайи як муноқиша миёни як гуруҳ ҷавонони деҳаи Парвор ва Ёли ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон як ҷавони 19-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъд аз чаҳор рӯз дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб ҷон додааст. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти умури дохилии ноҳияи Шӯрообод ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, муноқиша шоми якуми август дар маъракаи хонадоршавии як сокини деҳаи Парвор сар задааст.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи ин муноқиша Исматҷон Раҳмонови 19-сола, сокини деҳаи Ёли Шӯрообод аз ноҳияи сар ва қабурғаҳояш ҷароҳат бардошта, имрӯз, 5 август дар беморхона ба ҳалоат расидааст: “Ин ҷавонро нахуст дар беморхонаи Шӯрообод бистарӣ карданд, аммо баъдан ба шаҳри Кӯлоб интиқол доданд. Ҷанозааш имрӯз хонда шуд”.
Ба иттилои манбаъ, пулис дар робита ба ин қазия ду ҷавони 18-солаи деҳаи Парворро дастгир кардааст: “Ҷавонон аз қабл нисбати ҳамдигар чи хусумате доштаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |