ВИДЕО: Боло бурдани нархи обу барқ ва роҳкиро “ягон ҷойи даҳшат надорад”?
Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотии ин ниҳод нияти мақомоти соҳавиро барои боло бурдани арзиши хизматрасонии обу роҳкиро дар Душанбе тасдиқ намуда, гуфт, корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” барои боло бурдани нархи хизматрасонӣ барои об то 38 дарсад ва муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” барои боло бурдани роҳкиро то 14-15 фоиз, ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд.
Ба қавли номбурда, хадамот пешниҳодҳои мазкурро омухта хулосаҳои худро ба мақомоти дахлдор ироа кардааст. Ӯ инчунин таъйид намудааст, ки нархи хизматрасониҳои пулакӣ дар муассисаҳои таълимӣ то 10 дарсад боло меравад. Дар пайи ин хабар ва сару садоҳо атрофи боло бурдани нархи хизматрасониҳо дар Душанбе “Озодагон” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт пурсид, ки боло бурдани нархҳоро чигуна мепазиред?
Бештари пурсидашудаҳо гуфтанд, дар шароити имрӯз, ки зиндагии мардум базӯр мегузарад, ин тасмими мақомот барояшон гарон хоҳад буд. Ба гуфти иддае аз сокинон, дар ҳоле ки маош ва нафақа барои як моҳ басанда нест, ин тасмимҳо зиндагии мардумро вазнин мекунад. Аммо нафароне ҳам тасмими боло бурдани нарх аз сӯи мақомоти соҳавиро ба тағйирёбии бозори асъор, беқурбшавии пули миллӣ ва баланд бардоштани моҳона рабт дода изҳор доштанд, “ин амри табиӣ буда, ягон ҷойи даҳшат надорад”.
НАЗАРИ ДИГАРИ СОКИНОНРО ДАР ИН ВИДЕО БУБИНЕД ВА АНДЕШАИ ХУДРО ЗЕРИ ОН БИНАВИСЕД.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |