Шаҳритус: Раиси ҷамоат бо иттиҳоми порагирӣ дастгир шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як мансабдори ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон хабар дод, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Давлатёр Идибеков, раиси ҷамоати Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус тахминан 7 ё 8 апрели соли равон аз мақоми хизматияш истифода намуда, барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани як ферма ба номи сокини ҳамин ноҳия – “С” аз ӯ 10 000 сомонӣ пора гирифтааст. Ба иттилои Оҷонсӣ, Давлатёр Идибеков ҳангоми муроҷиати такрории шаҳрванд “С” оиди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,10 га ва минбаъд хуҷҷатгузорӣ намудани фермаи зикргардида аз ӯ 2500 доллар талаб намудааст: “Аз ин маблағи талабнамудааш 500 доллари ИМА гирифта, аз шаҳрванд “С” талаб кард, ки баъди овардани боқимонда маблағи 2000 доллари ИМА қитъаи заминро ҷудо намуда, дар якҷоягӣ бо фермаи мазкур ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ менамояд”.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, 25 июл дар пайи як амалиёт Давлатёр Идибековро ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда - 2000 доллар аз шаҳрванд “С” дар ҷои ҳодиса дастгир намудаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, нисбати Давлатёр Идибеков бо моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи чиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |