Бозпурсии мансабдороне, ки дар сӯгвории раҳбари Толибон иштирок карданд
Мансабдорони давлатии Афғонистон, ки дар сӯгвории Мулло Умар, раҳбари пешини гуруҳи Толибон иштирок кардаанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ин иқдом дар асоси дастури доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон сурат хоҳад гирифт.
Тими ислоҳот ва ҳамгироии Афғонистон ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар саҳифаи фейсбуки худ навиштааст, “раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллӣ ба мавзеъгирии возеҳ дар баробари душман ва Покистон таъкид карда, дастур додааст, то маъмурони давлатии афғон, ки дар маросими сӯгвории Мулло Умар ширкат кардаанд, мавриди бозпурсӣ ва пайгард қарор гиранд”.
Мулло Умар раҳбари пешини гуруҳи Толибон аст, ки ахиран расонаҳо такя ба шахсиятҳои баландпояи ин созмон аз марги ӯ хабар доданд.
Мақомоти Афғонистон низ фавти раҳбари пешини Толибонро тасдиқ карда, гуфтанд, Мулло Умар соли 2013 бар асари беморие дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Карочии Покистон даргузаштааст. Ҳоло ба ҷои ӯ Мулло Ахтар Мансур раҳбари нави Толибон интихоб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |