Ҳалокати ду нафар дар пайи ба ҷуқурӣ сарозер шудани “Хундай-Галлопер”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 4 август дар пайи чапа шудани як мошин ба чуқурии 500 метр дар ноҳияи Тавилдара ду нафар ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ронандаи мошини “Хундай-Галлопер”, марди 30-солаи сокини ноҳияи Тавилдара ҳангоми ҳаракат дар мавзеи пуштаи Чошти ноҳияи мазкур, идораи нақлиётро аз даст дода, онро ба чуқурии 500 метр чаппа кардааст: “Дар натиҷа ронанда ва мусофири дохили автомашина, зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мусофирони дигари автомашина марди 27-сола, писарчаи 7-сола ва ҷавони 17-солаи сокинони Тавилдара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |