Сафири Эрон: Маҳдудият ва фишорҳои сиёсӣ ҷавононро ба ДИИШ мебарад
Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон маҳдудият ва фишорҳои сиёсиро яке аз сабабҳои аслии пайвастани ҷавонон ба сафи гуруҳи ифротӣ, аз ҷумла созмони террористии ДИИШ хондааст.
Сафири Эрон дар суҳбат бо хабаргузории “Форс” гуфтааст, “бидуни шак, вуҷуди фақр, маҳрумиятҳо, таассуб ва фишорҳои сиёсӣ заминаеро барои пайвастани бахше аз мардум, аз ҷумла ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ фароҳам мекунад”.
Ба қавли ҷаноби Фағонӣ, ҳалли мушкилоти мардум ва муқобала бо тафаккури хушунатсоз беҳтарин роҳи мубориза бо терроризм аст: “Мубориза бо тафаккуроти хушунатсоз аз тариқи муаррифии дурусти дини Ислом имконпазир аст”.
Ӯ афзудааст, дар ҷараёни сафари вазири кишвар ва фармондеҳи марзбонии Эрон ба Тоҷикистон ироаи кумакҳои мусташорӣ ва табодули таҷриба дар заминаи мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм ҳосил шудааст. Сафир ибрози умедворӣ кардааст, ки тавофуқҳои ҳосилшуда дар ҷараёни сафари мазкур миёни мақомоти қудратии ду кишвар дар ҳадди аксар амалӣ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |