Ҳалокати се куҳнаварди рус дар қаторкуҳҳои Помир
Се куҳнаварди рус-Паша Марковских, Иля Поселяничев ва Сергей Шпиз зимни тасхири қуллаи Ленини қаторкуҳҳои Помир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд.
Ин иттилоъро бошгоҳи куҳнавардони Маскав таъйид карда, афзудааст, ки ҷасади ҳалокшудагон бо чархболи Вазорати мудофиаи Қирғизистон ба шаҳри Ош интиқол дода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ фоҷеа ҳанӯз 30-юми июл рух додааст ва яке аз сабабҳои сар задани он номусоидии боду ҳаво арзёбӣ мешавад.
Қуллаи Ленин, бо баландии 7 134 метр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст, ки бори нахуст соли 1928 фатҳ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |