Бахшҳо
05 авг 2015 09:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

КДАМ мегӯяд, чанд қочоқбари афғонро безарар гардонид

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз чанд задухӯрди марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон хабар додааст.

Ин ниҳод дар иттилоияе гуфтааст, дар пайи роҳандозии чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон маълум гардида, ки як гуруҳ аз шаҳрвандони Афғонистон “тавассути яке аз минтақаҳои нисбатан осебпазири марзи давлатӣ масири қочоқи маводи мухаддирро ташкил додаанд ва ният доранд воситаҳои нашъадорро дар ҳаҷми махсусан калон ба Тоҷикистон гузаронанд”. Дар иттилоияи КДАМ, ки онро “Ховар” нашр кардааст, аз афғонҳо Ҳошим валади Миракбар, Муҳибулло валади Ҳоҷиабдуламир, Абдуссабур валади Абдулқудус, Зоир валади Муллоиваз ва Аҳмадхон валади Раҳматхон ном бурда шуда, онҳо истиқоматкунандаҳои вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон гуфта мешаванд: “Дар ҷараёни амалиёт миёни командони мақомоти амнияти миллӣ ва марзшиканон задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба миён омад. Дар натиҷа қочоқбарони афғон Абдуссабур валади Абдулқудус ва Зоир валади Муллоиваз безарар гардонида шуда, шарикони боқимондаи онҳо бо истифода аз торикии шаб, ба самти Афғонистон фирор карданд”.

КДАМ мегӯяд, аснои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 11 борхалта “ҳашиш” бо вазни умумии 275 кило ёфт ва мусодира гардидааст. Ин ниҳод аз амалиёти дигари мушобеҳ дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон хабар дода гуфтааст, дар пайи як задухӯрди мусаллаҳона бо марзбонҳои тоҷик шаҳрвандони Афғонистон -- Қорӣ Муҳаммад, истиқоматкунандаи деҳаи Шоҳравони вулусволии Дашти Арчии вилояти Қундуз ва Содиқ валади Малукбой, истиқоматкунандаи деҳаи Қаламгузари вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз силоҳ ва маводи мухаддирри худро партофта, ба қаламрави давлати исломӣ фирор кардаанд: “Дар ҷойи ҳодиса як адад яроқи шикорӣ, 1 борхалта бо 18 бастаи дорои 15 килограмму 371 грамм “афюн” ва 752 грамм “ҳашиш” мусодира карда шуд”.

Манбаъ гуфта, ҳангоми амалиёти дигар дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир, марзшиканон ба амри сарҳадбонон дар бораи истодан итоат накарда, аз силоҳи оташфишон ба ҷониби онҳо тир кушодаанд. Дар пайи ҳамлаи ҷавобии марзбонон Фазлиддин валади Муҳаммадшоҳ, истиқоматкунандаи вулусволии Хусти вилояти Бағлони Афғонистон, ки КДАМ аз ӯ “саркардаи қочоқбарони афғон” ном бурдааст, безарар гардонида шуд: “Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 борхалта бо 19 бастаи полиэтиленӣ дарёфт гардид. Ташхис нишон дод, ки дар бастаҳо 14 килограмму 138 грамм маводи мухаддири навъи “ҳашиш” ҷой карда шудааст”.

Дар иттилоия инчунин аз як амалиёти дигар дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир ёд шудааст, ки бо безарар гардонидани мулло Аҳмадшоҳ валади Фаромузхон, истиқоматкунандаи деҳаи Чорсараки вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз ва ёфт шудани як автомати Калашников, 3 тирдон ва 90 дона тир, 2 борхалта бо 24 килограмм “ҳашиш” аз ҷои ҳодиса анҷом ёфтааст.

Дар иттилоияи нашркардаи хабаргузории давлатӣ санаи ин задухӯрдҳо зикр нашудааст, аммо дар хабари охири КДАМ аз задухӯрди мусаллаҳонае дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ёд мешавад, ки шаби дуюми июн ба вуқӯъ пайвастааст: “Шаби дуюми июни соли равон соати 21:30 дақиқа дар яке аз минтақаҳои осебпазири сарҳад ҳаракати шаш нафар сарҳадшиканони мусаллаҳ ба қайд гирифта шуд. Зимни убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби қочоқчиён, задухурди шадиди мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа роҳбари қочоқчиёни афғон Давлат валади Маҳмадмурод ва як нафар ҳамроҳи ӯ захмӣ карда шуд. Ҷинояткорони дигар бо истифода аз торикии шаб ва релефи мавзеъ ҷониби ҶИА фирор намуданд”.

Манбаъ мегӯяд, дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 3 борхалтаи полиэтиленӣ бо 47 кило маводи мухаддир дарёфт гардид. Мувофиқи маълумоти ташхиси экспертӣ аз ин миқдор маводи мухаддир 34 кг ҳашиш, 3 кг афюн ва 10 кг. боқимондаро бангдона ташкил медиҳад: “Нисбат ба ҳодисаи сарҳадшиканӣ ва қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)