Бахшҳо
04 авг 2015 15:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Отити дарунӣ

Гӯши одам аз се қисм (қисми берунӣ, миёна ва дарунӣ) иборат ёфтааст. Қисмати берунаи гӯшро суфраи гӯш ва роҳи шунавоӣ ташкил медиҳанд, ки бо пардаи гӯш хатм мегардад. Қими берунии гӯш садоҳоро дарёфт карда онҳоро ба қисмати миёнаи гӯш ирсол мекунад.

Қисмати миёна аз таҷвифи пардагӣ ташкил гардида, дар миёни шикофии устухони чакка ва пардаи гӯш воқеъ гардидааст. Кори ин қисмати гӯш гузаронидани садо ба ҳисоб меравад. Қисмати дарунии гӯш бошад дар дохили устухони чакка ҷойгир шуда, аз системи мурракаби ҷӯякчаҳо, ки онро улитка меноманд иӣорат гардидааст. Дохили ҷӯякчаҳо (улитка) бо мое пур гардида, бо торҳои мӯйчадори махсус кошта шудааст. Ин торҳои мӯйчадор лаппишҳои механикиро ба импулсҳои асабӣ табдил медиҳанд. Ин импулсҳо бошанд дар навбати худ ба василаи асаби шунавоӣ ба қисатҳои зарурии мағзи сар ирсол мегарданд. Ташакулёбӣ ва вазоифи қисматҳои гӯш аз ҳамдигар фарқи зиёде дорад. Дардҳои илтиҳобии ҳар се қисмат низ ҳар кадом ба таври худ мегузаранд. Бинобар ин дар илми тибб дардҳои илтиҳобии гӯшро ба се намуд: отити берунӣ, отити миёна ва отитӣ дарунӣ тақсимбанди намудаанд.

Отити дарунӣ ё лабиринтит гуфта илтиҳоби қисмати даруниии гӯшро меноманд. Отити дарунӣ бемории бисёр хатарнок буда, хушбахтона чандон зиёд ба назар намерасад. Ин навъи беморӣ наметавонад мустақим пайдо шавад. Дар бештари маврид сабаби пайдошавии он, ё отити кӯҳнашуда ё отити сахт ва ё дигар бемории сироятии вазнин (монанди сил) ба шумор мераванд. Яке аз сабабҳои дигари пайдоиши ин беморӣ, илтиҳоби роҳҳои болоии нафаскашӣ монанди грипп ва сармохӯрдагӣ ба шумор меравад. Ҷароҳат низ метавонад яке аз сабабҳои ба вуқӯ омадани ин беморӣ гардад. Сироят ҳангоми отити дарунӣ ба қисмати дарунии гӯш (улитка) метавонад бо роҳҳои гуногун ворид гардад. Аз тариқи қисмати миёнаи гӯш (ҳангоми илтҳоби зардобӣ), аз тариқи пардаҳои мағзӣ (ҳангоми минингит) ва аз тариқи хун (ҳангоми сироятҳои гуногун). Ин навъи бемории табиати врусӣ ё бактериявӣ дорад.

Аломатҳои асосии отити дарунӣ аз инҳо иборат мебошанд: чархзадани сар, пайдоиши садо дар гӯшҳо, дарди гӯшҳо ва кам гаштани қобиляти шунавоӣ. Дар мавриди чарх задани сар, ин аломат метавонад нишона бемориҳои зиёде бошад. Дар ҳолати отити дарунӣ чарх задани сар баъди 1-2 ҳафта аз гузаронидани сирояти бактериявӣ пайдо мешавад. Дар ин муддат микроорганизмҳои сироятӣ бо ҷараёни хун ба ковокии қисмати дарунии гӯш ворид мегарданд ва инкишофи илтиҳобиро ба вуҷуд меоранд. Бояд қайд кард, ки чархзадани сар метавонад бо дилбеҳузурӣ ва партофтан ҳамроҳ бошад. Одатан чархсадани сар дар зарфи чанд рӯз ё ҳафта мегузарад. Аммо агар ҳаракатҳои тунду тез бо сар ҷой дошта бошанд, сарчарзанӣ метавонад дубора домангирӣ бемор гардад. Ғайр аз аломатҳои асосӣ инчунин дигар аломатҳо низ дар беморони отити дарунӣ дида мешаванд. Монандӣ; баланд гардидани ҳарорат, паридани чашм, ва кам гардидани нерӯи шунавоӣ. дар ҳолати ҷараёни мусоиди беморӣ, моеи илтиҳобӣ (экссудат) худ аз худ ҷафида мешавад. Дар ҳолати акс дар қисати дарунии ғӯш зардоб ғун гардида, бемор метавонад пурра нерӯи шунавоиашро аз даст диҳад.

Ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои номбаршуда ва шикояти бемор, таҳқиқоти клиникии хун гузаронида мешавад. Инчунин барои муаян намудани сабабҳои асосии сарчархзанӣ тестҳои махсус гузаронида мешаванд. Агар духтур натавонад бо ин амалҳо сабаби сарчархзаниро муаян намояд, он гоҳ таҳқиқоҳои зерин гузаронида мешаванд; электронистагмография - ин таҳқиқот ҳаракати мардумаки чашмро назорат мекунад. Чун ҳангоми сарчархзанӣ, ки сабабаш отити дарунӣ ба шумор меравад, ҳаракати мардуаки чашм низ як шакли муаянеро дорад; МРТ ва томографи компютерӣ - барои таҳқиқи мағзи сар; таҳқиқи нерӯи шунавоӣ - ин тарзи таҳқиқ барои муаян намудани халалҳо дар нерӯи шунавоӣ гузаронида мешавад; Тест -ҷавоб - таҳқиқоти мазкур қисматҳои шунавоии риштаҳои мағзи сарро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, то аз фаъолияти асаби шунавоӣ, ки аз қисати дарунии гӯш ба сӯи мағзи сар кашида шудааст, огоҳӣ пайдо кунад; аудометрия - тибқи ин таҳқиқот дараҷаи шунавоии инсон муаян мегардад. Дар бештари мавридҳо аломатҳои отити қисмати дарунии гӯш худ ба худ мегузаранд. Дар ҳолатҳое, ки сабаби ин беморӣ сирояти бактериявӣ мебошад ба бемор табобати доругиро таин мекунанд. Дар ҳолати сирояти вирусӣ антибиотикҳо таъин карда намешаванд. Бояд қайд намуд, ки табобати доругии отити дарунӣ, ба табобати бемории Менер сахт шабоҳат дорад.

Ба беморон намуди зерини доруҳо таъин карда мешаванд; доруҳои зиддиқайкунӣ - ин навъи доруҳо барои бартараф кардани аломатҳои сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ равона гардиаанд; стероидҳо - барои боздоштани ҷараёни илтиҳобӣ таъин мегарданд; доруҳои седативӣ - барои кам кардани дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва ҷараёноти номатлуби дигар. Бар замми ин аз скополамин, маводи доругии махсус, ки дар пушти гӯш васл мегардад истифода менамоянд. Ин навъъи дорӯ низ барои аз миён бурдани дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мавриди истифода қарор мегирад. Бо вуҷуди ин, на ҳама вақт муяссар мегардад аломати сарчархзаниро пурра бартараф кард. Ин ҳолат бештар ҳангоми илтиҳоби бактериалӣ ба назар мерасад. Аммо бо гузаштани вақт, сарчархзанӣ пурра мегузарад ва дигар беморро азият намекунад. Ҳангоми натиҷа надодани табобати консервативии отити дарунӣ, ба бемор амали ҷарроҳӣ таъин карда мешавад. Амали ҷарроҳӣ бештар ҳангоми навъи зардобии отити дарунӣ бо вазнинии дохили майнаӣ таъин мегардад.

Дар шӯъбаи ЛОР и Бемористони Ибни Сино отити даруниро ба хуби мешиносанд ва бо муваффақият табобат мекунанд. Шӯъбаи ЛОР и бемористон бо тамои таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ба хотири дастрасии хизматрасониҳои муосири тиббӣ ба қишрҳои бештари аҳолии кишвар, дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" таъсис дода шудааст. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро суғурта намуда, ба маротиб хароҷоти худро кам кунед.
Мӯҳр
салом ман комрон саволи ман чунин аст бар шумоён ман 5 мох аст киаз бемории гуш азят мекашум аломатхояш дар гуш садо дора шунавои паст дигрр аломатхои дар боло зикр шуда нес ман бояд чи кор кунам чавоби шумохоро интизор хастам ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)