Муҷозоти муҳоҷири нонфурӯши тоҷик дар Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон барои пӯхтану фурӯхтани маҳсулоти нонӣ ду ҳазор рубли русӣ ҷарима пардохтааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷират дар вилояти Ярослав боздошт шудааст. Ин ниҳод гуфтааст, 30 июли соли 2015 хадамот дар якҷоягӣ бо кормандони ОМОН дар қисмати чапи соҳили Волгаи шаҳри Рибинск санҷиш гузарондаанд: “Маълум гардид, дар чодаре, ки кулчақанд ва нон пӯхта ва ба фурӯш гузошта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунад”.
Манбаъ мегӯяд, муҳлати патент барои анҷоми фаъолияти кории ин муҳоҷири тоҷик як моҳ қабл тамом шуда, гузашта аз ин санади мазкурро ӯ аз дигар субъекти Русия дарёфт карда будааст: “Ӯ дар асоси моддаи 18.10 қ. 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия ду ҳазор рубл ҷарима баста шуд”.
Акс аз yarnews.net
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |