Ҷароҳати ду тоҷик дар пайи сангзанӣ бо қирғизҳо барои обу гӯристон (НАВШУДА)
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи сангзанӣ бо қирғизҳо дар марз ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” сангзанӣ рӯзи 3-юми август баъди он сар задааст, ки қирғизҳо роҳи оби тоҷиконро бастаанд: “Вақте тоҷикон хостанд, қубурҳои обгузарро барқарор кунанд, қирғизҳо ба сангзанӣ оғоз карданд. Тоҷикон низ ҷавоб доданд”.
Манбаи “Озодагон” дар мавриди иддаои қирғизҳо, ки гӯиё тоҷикон онҳоро ба гӯристонашон роҳ намедиҳанд, рад намуд: “Онҳо роҳи пиёдагардро доранд. Роҳи мошингардашон ба гӯристон аз миёни минтақаи тоҷикнишин мегузарад. Онҳо мехоҳанд, ки барояшон роҳи алоҳидаи мошингузар дода шавад. Аммо агар ин роҳ ба онҳо дода шавад, тоҷикон дар анлклав мемонанд ва пойбанди қирғизҳо мешаванд. Баъд ҳар гоҳе хоҳанд обро маҳам мекунанд ё мушкилоти дигар эҷод кунанд”.
Манбаъ илова намуд, ки дар пайи мулоқоти ҷонибҳо феълан вазъ дар марз ором мебошад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти қирғиз хабар додаанд, тоҷикон гӯиё қирғизҳоро ба гӯристони наздимарзӣ роҳ надодаанд: “Дар ҷавоб қирғизҳо каналро, ки Чоркуҳи Тоҷикистонро бо об таъмин мекунад, бастаанд. Ин нофаҳмиҳо боиси сангзанӣ миёни тоҷикону қирғизҳо шудааст”.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар пайи сангзанӣ 5 қирғиз ҷароҳат бардошта, 7 хона ва як мошини шаҳрвандони ин кишвар зарар дидаанд: “Дар пайи мулоқоти мақомоти ду кишвар вазъ дар марз муътадил шуда, сокинони наздимарзӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар умури марз мегӯяд, ният доранд, бо Тоҷикистон барои иваз намудани 20 ҳисса замин дар қаламрави деҳаи Коктоши Бодканд гуфтушунид кунанд.
Искандаров дар суҳбат бо расонаҳои қирғиз изҳор доштааст, ки дар ин мавзеъ, ки миёни Коктоши Бодканду ҷамоати Чоркуҳи Исфара аст, ду гуристон мавҷуд аст: “Дар маҳал, ки сарҳад дар он ҷо аломатгузорӣ нашудааст, ду гуристон мавҷуд аст. Гуристони куҳна баста шудааст ва акнун ҷасадҳоро дар гуристони нав дафн мекунанд. Аммо шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни ду гуристон биное сохта, қирғизҳоро ба гуристон роҳ намедиҳад. Мо феълан ба ин маҳал намояндаҳои худро фиристодем, то дақиқ кунанд, ки гуристони нав дар қаламрави Тоҷикистон аст ё Қирғизистон?”
Намояндаи ҳукумати Қирғизистон илова намудаст, ки ин масъала барои баррасӣ ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |