Ба раисҷумҳури Кореяи шимолӣ ҷоизаи сулҳ медиҳанд
Бунёде дар Индонезия тасмим гирифтааст, Ким Чен Ин, раисиҷумҳури феълии Кореяи Шимолиро, ки аз диктаторҳои сарсахти ҷаҳон арзёбӣ мешавад, бо ҷоизаи сулҳи худ қадрдонӣ кунад.
Масъулини Бунёди Сукарнои Индонезия гуфтаанд, ин ҷоиза ба Ким Чен Ин ба хотири муборизаҳои беамонаш алайҳи “истеъморгароии нео империализм” дода мешавад.
Ба иттилои масъулини Сукарно, қарор аст, ҷоизаи сулҳ, адолат ва инсонияти ин бунёд моҳи сентябри соли равон ба раиси ҷумҳурии Кореяи шимолӣ тақдим шавад.
Ҷоизаи сулҳи Бунёди Сукарно дар гузашта ба Маҳатма Гандӣ, раҳбари сулҳталаби Ҳиндустон ва Анг Сан Сучӣ, мудофеи ҳуқуқи башар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел тақдим шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |