Бахшҳо

Фикр мекардем онҳо медузданд, аммо маълум шуд, наздиконашон кумак мекунанд

Рустам ГУЛОВ, аз “Блогистон”
Тарҷумаи Сайф САФАР

Чи хуб аст мансабдор будан! Дӯстон, пайвандон, фарзандон, ҳама ба ту туҳфа доданро шурӯъ мекунанд. Ва он ҳам чӣ туфаҳое! Мошин, хона ва дигар туфаҳои гаронбаҳо. Ҳоло ки ба мансаб нарасидаӣ, касе дар суроғат нест. Ҳамин ки савори аспи саманд шудӣ, ҳамагӣ дар муносибат бо ту самимӣ мешаванд. Як навъ таҳавулоти мӯъҷизаосо! Дар маворид рад кардан ба навъе эҳсоси нороҳатӣ мебахшад. Охир, туҳфаҳо аз сидқи дил дода мешаванд. Бо як соддагӣ, аз самими қалб. Бидуни ҳеч кадом андешаи дигар. Ба ин тартиб, ҳамсарат ба як хонум-тоҷири муваффақ табдил мешавад. Чӣ қадр асрор дар ниҳоди занон нуҳуфта аст!

Тӯли ин солҳо, замоне, ки шавҳар як нафари оддӣ буд, ҳамсар ҳам зани хонашини маъмулие беш набуд. Ногаҳон, муваффақият мисли тарошае аз бом афтод. Бидуни ҳеч таҷриба, малака ва таҳсил ба кор мепардозад ва акнун соҳиби тиҷорати бузург аст. Ҳей, ба шавҳараш туҳфа медиҳад. Аммо, он мансабдор, яъне шавҳараш чӣ шуд!? Ӯ, ба соддагӣ, як марди маъмулӣ аст, ки аз ҳисоби ҳамсараш зиндагӣ мекунад. Ҳама чиз бар дӯши ӯ аст ва шавҳар танҳо дар ғами миллат аст! Дигар ҳеч ниёзе ба тиҷорат надорад! Фарзандонашон ҳам ёдамон нараванд. Охир, онҳо низ аз падарашон ғамхорӣ мекунанд. Ин ки мансабдоре бо ҳақмузди 1000-1200 сомонӣ савори мошинҳои 30-50 ҳазор доллара аст, шуморо ба чӣ андеша водор мекунад?! Писараш харидааст! Писари бечора бо ҳамаи заҳмат ва мушкилот, ки тамоми муҳоҷирони тоҷик дучори он ҳастанд, дар Русия кор кард ва ба падараш мошин харид, ки дар назди ҳамкоронаш шарманда набошад. Бо ин ҳама, ҳанӯз дар ҷомеа одамоне кутоҳандеш ҳастанд, ки ба ин чизҳо боварӣ надоранд. Фикр мекунанд, ки “дуздид”, “рабуд”, “пора гирифт”. Аммо, кор аз ин соддатар аст. Ӯ аз ҳисоби туҳфаҳои зан, фарзандон, наздикон ва дӯстонаш зиндагӣ мекунад.
Мӯҳр
саид
ОЗОДАГОН неки чони гапа гуфти

Ас
Фахмо. Шукри Худо, мулло ё милиса нестам, кинояро мефахмам.

Сафар
Сафсата!!! Холо ки ба ягон кас кумак мекунад? Аз барои Худо фарзанди падарат ёрй намерасонад.

Далер
Афсонахои чадиди Точикистон! :)

Ҳолдон
Матлаби бе маъно. Фикр кардам ягон малаби ҷолиб навишта шудааст. То имруз дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ ягон малаби фаҳмову равон ва ба ҷамъият муфидро надидам танҳо сухан аз дуздиву ҷангандозӣ дар байни табақаҳои Тоҷикистони азизам меравад. Тоифае аз журналистон маншаи фитнаад, ки мехоҳан бо ин роҳ шуҳрат ба даст оранд аммо намедонанд, ки ин амалашон боиси сархурии худашон мешавад. Боқӣ қазоват аз шумост агар виҷдони пок доред.

Э коке ман доро мешидум вой вае.
бо маоши 400 сомони дар як мох сохиби мошини 40хазор долара хонаи 100хазор долара замину замони азхудшуда ва боз бозу хам боз зиндагии шик? Мо точикон хакикатан мансабдоронро хуб эхтирому парастори мекунем,ки онхо гами далатро хуранд.

Cад дар сад дуруст навиштааст Рустамчон, дируз як мансабдори калон хам дар нишасти матбуотй чунин мегуфт. Бадгумонй гунох аст билохира. Аз чониби дигар агар чунин хам набошаду сохибкори каторие сохиби хонаи калону мошини мудерн бошад, вале раиси шахр ё нохия ичорашину маршруткасавор бошад магар аз руйи инсофи точикист? Барои фаронсавй ё аврупоии дигар ин холати маъмулист, вале барои точик-шармандагй. мо вижагихои миллии хешро дорем. на танхо дар либоспушй....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)