Мубориза бо хомӯшакҳо хонаро ба коми оташ бурд
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, мубориза бо хомӯшак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боиси ба коми оташ рафтани як хонаи истиқоматӣ гардидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод марди 39-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми истифодаи шамъ барои хомушакҳо онро беназорат гузоштааст, ки дар натиҷа дар масоҳати 35-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст: “Зарари расонидашуда 8800-сомониро ташкил медиҳад”.
Хадамоти оташнишонӣ инчунин иттилоъ медиҳад, ки 3-юми август дар сехи матрасбарории як зани 41-сола дар шаҳри Душанбе масоҳати 100-метри мураббаъро сӯхтор фаро гирифтааст: “Дар натиҷаи сӯхтор моли дохили анбор сӯхта корношоям шудаанд. Сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |