Неруҳои Башор Асад мегӯянд, чанд тоҷикро куштаанд
Расонаҳои расмии Сурия аз кушта шудани як гуруҳи ҷангҷӯёни неруҳои мухолифи ҳукумати Башшор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар хабар додаанд. Ба иттилои ин расонаҳо миёни кушташудаҳо тоҷикон низ ҳастанд.
ВАО-и расмии Сурия менависад, дар пайи як ҳамлаи неруҳои низомии Башшор Асад рӯзи 3 август дар шаҳри ал-Лозиқия ҳафт ҷангҷӯи мухолиф кушта шуда, 15 тани дигар захм бардоштаанд. Манобеи хабарии Сурия бо такя ба иттилои неруҳои низомии ҳукумати худ навиштаанд, миёни фавтидагону захмиён тоҷикон ва туркҳо низ мебошанд.
Ин манобеъ ҳувияти баъзе аз кушташудаҳоро низ номбар карда, аз онҳо Абӯусмон ат-Тоҷикӣ, яке аз фармондеҳони гуруҳи Хуросон, Абӯмуҳаммад ал-Муҳоҷир аз Лубнон, Аҳмад Усқул ва Маҳмуд Ибора ном бурдаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |