Душанбе: Ҷароҳати вазнини арӯсу домод дар рӯзи тӯй

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳафтаи гузашта мошинсавории домоду арӯси 22-сола дар рӯзи тӯйашон бо садама анҷомид, ки дар натиҷа ҳар дуяшон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод Маҳмад Рӯзимад, сокини 22-солаи Душанбе шомгоҳӣ ҳангоми ҳаракат бо мошини ВАЗ 21 07-аш дар “кортеж”-и тӯёна аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо мошини мусофирбари “Саманд” бармехӯрад: “Домод худаш сари чанбараки мошин нишаста, ҳамроҳи арӯсаш-Шаҳноза Нуралиеваи 22-сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Ҷаббор Расулов ба тарафи кӯчаи Сино дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо мошини “Саманд” бармехӯрад. Дар натиҷа домоду арӯс бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ мешаванд”.
Манбаъ инчунин таъкид намуд, ки ҳафтаи гузашта нозирони роҳ дар Душанбе “рейд” гузаронда, 16 ҳолати аз меъёр зиёд ҳаракат намудани мошинҳоро дар “кортеж”-ҳои тӯёна муайян кардаанд: “Нисбати ҳамаи қонуншиканҳо санадҳо тартиб дода шуда, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |