Аслов бо сафири Амрико озодии эътиқоди динӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Сюзан Эллиот, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ин вохурӣ рӯзи 3 июл дар Душанбе баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар мулоқот “доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба ва дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, масъалаҳои вобаста ба амният ва озодии эътиқоди диниро дар кишвар муҳокима кардаанд”.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар идома миннатдории худро ба ҷониби Амрико барои кумакҳояш ба хотири бартарафкунии оқибатҳои офати табиии кишвар баён доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |