Нимаи аввали имрӯз (14 октябр) дар қароргоҳи раёсати ақибгоҳи кумитаи ҳолатҳои фавқуллода расми ифтитоҳи маркази идоракунии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагон аз ҳукумати Ҷопон, дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, номояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои қудратии кишвар, сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, намояндагони созмонҳову ташкилотҳои сатҳи минтақавию байналмиллалӣ ва роҳбарону мутахассисони кумитаи мазкур иштирок дошанд. Ҳамзаалӣ Саидов, афсари шӯъбаи техникии раёсати ақибгоҳи кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар бораи фаъолияти чандинсола ва таҷрибаҳои кории сарбозону афсарони кумита сӯҳбат кард. Номбурда гуфт, ки барои хуб ба роҳ мондани кӯмак ба шаҳрвандон дар вақти сар задани офатҳои табииву техногенӣ бо қарори раиси кумита дар ҳамбастагӣ бо ҳукумати Ҷопон маркази идоракунӣ ташкил ёфта ва ба маблағи 5 миллион сомонӣ бо таҷҳизоту мошинҳои калони боркаш таъмин шуд. Ҷаноби Саидов гуфт набудани ақалан як чархбол дар кумита дар вақти вуқӯи офатҳои табиӣ монеаҳои зиёдеро ба бор меорад. «Агар мо аққалан як чархбол медоштем соли гузашта вақте дар Кӯлоб обхезӣ шуд сари вақт мардумро наҷот медодем. Ҳамчунин мавҷуд будани чархбол барои дар фурсати наздиктарин наҷот додани сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки дар қуллаҳои баланди Тоҷикистон ба мушкил дучор мешаванд, кӯмак мерасонад»,-афзуд афсари кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.
Ҳамзамон, дар маркази идорӣ монанд ба дигар сохторҳои таъҷилии дар кишвар амалкунанда, аз қабили 01, 02 ва 03 рақами кӯтоҳи фаврии алоқаи "111" фаъол шуд. Минбаъд дар тамоми манотиқи кишвар дар сурати сар задани офати табиӣ ва техногенӣ шаҳрвандон метавонанд тариқи рақамҳои мазкур фавран бо гурӯҳи наҷотдиҳандагон дар тамос шаванд.{jathumbnail off}
Мӯҳр