Барои сазовор таҷлил кардани 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон кормандони фурудгоҳ иқдоми ҷиддиеро рӯйи даст гирифтаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд, сарвари кулли фурудгоҳи Душанбе Рустам Холиқов зимни як нишасти вижа ба кормандонаш ҳушдор додаст, ки барои хизматрасонӣ ба мусофирон чораҳои амалӣ дида шаванд. Ҳамзамон мусофирон ва меҳмонони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, аз хизматрасонии кормандони фурудгоҳ бояд қаноатманд бошанд. Барои омода намудани фурудгоҳ бобати қабули ҳавопаймоҳои хурду бузург, роҳравҳои зимомӣ таваққуфгоҳҳои иловагӣ, мошин ва механизмҳои муқаррарӣ , сару либоси кормандони муҳандисӣ-техникӣ, кормандони техникӣ ва хизматрасонҳо низ чораҳои қатъӣ дида мешаванд.
Дар ҷаласа масоили марбут ба таъмини пурраи амнияти мусофирон, бор ва бағоҷ, оро додани гулгашт ва майдонҳои назди фурудгоҳ, толорҳои гусел ва қабули мусофирон ва риояи одоби муошират мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи авиатсия, ки яке аз омилҳои пешрафти соҳа ба ҳисоб меравад, иброз шуд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби махсуси авиатсионии кишварҳои ИДМ ва макотиби олии кишвар нафарони лаёқатманд ба кор дар фурудгоҳ ҷалб карда шаванд.
Мӯҳр