Ҳушдори Оқохони IV аз тақсимбандии ҷаҳон ба қутбҳо: Хушбин нестам...(ВИДЕО)
Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ва яке аз шахсиятҳои шинохта дар олами Ғарб ва Ислом аз тақсимшавии ҷаҳон ба қутбҳо ҳушдор додааст.
Оқохони IV охири ҳафтаи гузашта, зимни як суҳбати кӯтоҳ бо ҳафтаномаи “Religion & Ethics” изҳор доштааст, он чиро, ки мо феълан дар ҷаҳон мебинем, фикр мекунам, шаклҳои тақсимбандӣ ба қутбҳо мебошад, ки воқеан раванди бисёр носолим аст. Ӯ бо таъкиди ин нукта афзудааст, ки хушбин нест ва изҳори умед намудааст, ки таҳаммулгароӣ ва пазириши бахшҳои гуногун дар ҷомеа густариш меёбад.
Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон илова намудааст, ки танҳо фақр замина барои пайдоиши хушунат ва терроризм нест. Ба гуфтаи ӯ зуҳури хушунату терроризм дар бисёре аз манотиқ қобили пешгӯӣ аст ва танҳо суол ин ҷост, ки он кай ба ҳадди инфиҷор мерасаду чӣ гуна онро аз расидан ба ин ҳад ҷилавгирӣ кард.
Оқохони IV муътақид аст, ки роҳи пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар тағйир додани сифати зиндагӣ ва ҷойгузин кардани умед ба ҷойи ноумедӣ аст: “Мардумро умед идора мекунад”. Ӯ маълумоту донишро сарчашмаи умед медонад ва барои ҳамин маорифро яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бунёди Оқохон дар нуқоти гуногуни ҷаҳон қарор додааст.
Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон бо зикри таълимоти Ислом изҳор доштааст, ки ҳар мусалмон бояд муҳити зисташро, ки ҳангоми таваллуд дарёфтааст, дар шароити беҳтар барои оянда боқӣ гузорад. ВИДЕОИ суҳбати “Religion & Ethics” бо Оқохони IV
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |