Падаре, ки аз фарзандаш 112 сол бузург аст
Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” аз зиндагии марде дар шимоли Лубнон гузориш кардааст, ки беш аз як аср умр дошта, синни хурдарин фарзандаш ба 5 мерасад.
Ин қаҳрамони гузориши “ал-Ҷазира”, ки аз ӯ Сулаймон Муҳаммад ном бурда мешаваду сокини шаҳри Аккори Лубнон аст, 117 сол дорад.
Ба иттилои манбаъ, Сулаймон Муҳаммад дар ҳоли ҳозир падари 13 фарзанд аз ду ҳамсар мебошад, ки сини бузургтаринашон ба ҳаштоду шаш мерасаду кучактарини онҳо 5 сол дорад: “Баъд аз вафоти ҳамсари аввалам, ки модари се духтару панҷ писарам ҳаст, дар тарбияи фарзандон мушкилеро эҳсос кардаму тасмим гирифтам, бори дигар издивоҷ кунам”.
Ин марди 117-сола мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз ҳамсари дуюмаш 5 фарзанд – се писару ду духтар дорад, ки хурдтаринашон 5-сола аст.
Ӯ дар мавриди тафовути синнусолӣ бо хурдтарин духтараш, ки беш аз як аср аст, гуфтааст: “Агар аз таъмини нафақа ва ниёзҳои дигар тарсе намедоштам, падари 14-ум фарзанд низ мешудам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |