Боздошти раиси “Тоҷиктелеком” дар Ғончӣ
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд аз боздошти Усмонқул Норқулов, сардори ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Ғончӣ хабар медиҳад, ки дар гирифтани 30 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод Норқулов барои мусоидат намудан ба харидории бинои почта ва алоқаи деҳаи Нуҷани ноҳияи Ғончӣ аз шаҳрванд “М” маблағи 30 ҳазор доллари амрикоиро талаб намудааст.
Ба иттилои манбаъ номбурда 27 ҳазору 343 долларро аз моҳи феврал то июни соли ҷорӣ гирифта, барои гирифта додани ҳуҷҷатҳои бинои почта ва алоқа аз шаҳрванд 15 ҳазор сомонӣ маблағи боқимондаро талаб кардааст: “Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Норқулов баъди гирифтани 15 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд. Феълан нисбати Норқулов Усмонқул бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |