Пайдо шудани ҷасади шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон дар Русия
Расонаҳои Русия аз дарёфти ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода гуфтаанд, худкушӣ кардааст.
Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Маскав ба расонаҳо гуфтааст, ҷасади ин табааи Тоҷикистон аз зери дарахте дар рустои Таболовои ноҳияи Волоколам пайдо гардидааст: “Соати 7:15-и рӯзи 31 июл маълумот гирифтем, ки дар рустои Таболово ҷасаде пайдо шудааст. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ин ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон буда, соли таваллудаш 1997 аст”.
Ба иттилои манбаъ, мутахассисон ба ин хулоса расидаанд, ки "ин шаҳрванди Тоҷикистон бо роҳи овехтан ба ҷони худ қасд кардааст". Дар мавриди ному насаб ва сабабҳои худкушии ин нафар манбаъ иттилое надодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |