Се духтари рус ДИИШ-ро фиреб дода, 200 ҳазорро азхуд кардаанд
Се духтар аз Чеченистон бо ҳувияти сохта худро ҳаводори созмони террористии ДИИШ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда, бо изҳори омодагии худ барои рафтан ба ҷангҳои Сурия 200 ҳазор рубли русӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ин духтарон нахуст бо даъватгарони ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуда, бо фиристодани аксҳои духтарони дигар аз омодагияшон барои пайвастан ба ин созмон хабар медодаанд.
Вале баъд аз ворид шудани маблағ ба суратҳисобашон ҳамроҳи саҳифаҳои худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ғайб мезадаанд.
Яке аз ин духтарон, ки номаш бурда намешавад, гуфтааст, “як ҷангҷӯи ДИИШ, ки бисёр исрор мекард, ба ин созмон пайвандам, аз ман пурсид, ки мехоҳӣ ба Сурия сафар кунӣ, гуфтам, бале аммо маблағ надорам. Ӯ ҳам ба “Qiwi-кошелёк” маблағро фиристод”.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳоло ин духтарон дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |