Ихроҷи Истаравшанӣ аз Эрон барои мавқеаш нисбати Тоҷикистон
Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик, ки барои солиёни зиёд дар Эрон иқомат дошт, изҳор медорад, ки ӯро барои мавқеъгириҳои сиёсияш нисбати Тоҷикистон аз ин кишвар хориҷ кардаанд.
Истаравшанӣ 31-уми июл, бо нашри як матлаб дар сафҳаи интернетии худ изҳор доштааст, ки гарчанде аз Эрон хориҷаш кардаанд, аз мавқеъгириҳои ин кишвар ҳимоят мекунад: “Ба ҳар он чӣ мӯътақид ҳастам ва дуруст мешуморам, онро мегӯям, ҳатто ҳамин имрӯзҳо, ки ба далели мавозеи сиёсиам дар робита бо кишвари худам – ки Эрон онро “шарики истротежик”-и худ мешуморад – аз ин кишвар берунам кардаанд”.
Ба ақидаи Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо низоме дар ҷаҳон ба шумор меояд, ки ба ҳақ аз Ислом дифоъ мекунад ва ба доди мусалмонон мерасад, сарфи назар аз мазҳабу маслакашон, чӣ дар Фаластин бошад ё дар Лубнон ва ё Яман ва ё ҳар ҷои дигар. Ӯ афзудааст, агар хабари тахриби масҷиди аҳли суннат дар Теҳрон— ба ҳамин сурате, ки вебсойтҳо гузориш кардаанд — сиҳҳат дошта бошад, бидуни ҳеч шакку тардиде накӯҳида ва маҳкум аст.
Ҷаноби Истаравшанӣ навиштааст, ки “бо ин ҳол ҳодисаи мазкур ҳаргиз сабаб намешавад, то зарурат ва вуҷуби андешаи тақриб, зери суол бурда шавад”. Маҷмааи ҷаҳонии тақриб ниҳодест, ки барои наздик шудани мазҳабҳои исломӣ талош мекунад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ суолгузорӣ кардааст, ки “магар наздик шудани мусалмонон ба ҳам – бо вуҷуди ихтилофоте, ки дар порае аз маорифи исломӣ бо ҳам доранд — чизе нописанд аст? Магар қарор аст мусалмонон аз ҳам дур бошанд? Оё тамоми ин даргириҳои бемаънӣ — ки мутаассифона имрӯзҳо дар минтақаи Ховари Миёна миёни мусалмонон барпост ва шоҳидаш ҳастем — натиҷаи дурии мусалмонон аз ҳамдигар нест?”
Бо зикри ин нуктаҳо Истаравшанӣ баҳамоии мусалмонони ҷаҳонро зарур хондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |