Идомаи маблағситонӣ аз симкортҳо ва маслиҳати Раҳимзода: Ба суд равед...

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми август ситондани 80 дирамро аз симкортҳои фаъол дар кишвар идома доданд.
Масъулини Хадамоти алоқа, ниҳоди зертобеи Бег Зуҳур, ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе тасдиқ карданд, ки ҷамъоварии 80 дирам аз ҳар симкорт дар асоси пешниҳоди онҳо дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ амалӣ шуда, дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст. Ҳуқуқшиносони Хадамот иддаоро, ки ин ниҳод бе тасдиқи парлумон ҳақ надорад, аз муштариён 80 дирамӣ ситонад, беасос хонда, изҳор доштанд, ки ин иқдом бар пояи қонуни кишвар дар бораи алоқаи барқӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол Раҳимзода Маҳмадзабир, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон дар ин робита ба “Озодагон” гуфт, афроде, ки аз ҷамъоварии ин маблағ норозиянд, ҳақ доранд ба суд муроҷиат кунанду аз ҳаққи худ дифоъ кунанд.
Раҳимзода, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” дар робита ба 80 дирамситонии Хадамоти алоқа изҳор дошт, “дар замони муосир ҳама гуна муносибатҳо дар асоси шартнома мебошанд. Аз ҷумла шартномаҳои оммавӣ, ки ба ин масъала ва газ, барқ, нафту ғайра тааллуқ дорад. Аз як тараф ман метавонам аз телефон истифода набарам. Аммо муносибат бояд шартномавӣ бошад, агар Шумо аз фаъолияти ширкатҳо ризо набошед, метавонед ба суд муроҷиат кунед, қонун манъ накардааст”.
Раиси Маркази миллии қонунгузорӣ аз он интиқод намуд, ки миёни мардуми кишвар одат шудааст, ки ҳифзи ҳуқуқро бо воситаи суд сарфи назар мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки на ҳама қонун адолатнок аст ва барои он, ки таҳлил шавад, мардум бояд аз ҳақаш дифоъ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |