Талаби ҳабси якумрӣ ба Қаюмов барои қатли Қувватов дар Туркия

Мақомоти додситонии Туркия аз додгоҳ хостаанд, Сулаймон Қаюмов, муттаҳами асосӣ дар қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гуруҳи 24”-ро ба ҳабси абад дар зиндони низомаш шадид маҳкум кунад.
Дар ин бора расонаҳои Туркия рӯзи 31-уми июл иттилоъ дода, афзудаанд, барои 5 муттаҳами дигар, ки ба қатли Қувватов рабт доранд, додситонӣ аз 1,5 то 5 соли зиндон талаб кардааст.
Сулаймон Қаюмов, ки ӯро сокини ноҳияи Восеи Тоҷикистон медонанду се моҳ қабл аз қатли Қувватов ба “Гуруҳи 24” пайвастааст, тибқи иттилои расонаҳои Туркия, Қувватовро ҳамроҳ бо зану фарзандонаш шоми 5 марти соли равон ба меҳмонӣ даъват карда, заҳролуд кардааст: “Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос карда, ба хиёбон мебароянд, то беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан нафаре аз пушт ба сараш бо таппонча шиллик мекунад”.
Баъдан, расонаҳои туркӣ иттилоъ доданд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекард ва бо тахмини зиёд заҳрро ба ғизо омехта кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |