Душанбе, 7 Апрел 2025
Мусодираи 30 кило ҳероин аз “Опел-Астра” дар маҳаллаи 46
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба иттиҳоми қочоқи 30 кило ҳероин хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, рӯзи 30 июли соли равон дар маҳаллаи 46-и шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда 44-солаи сокини пойтахт қарор дошт, аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилӣ боздошт шудааст.
Дар пайи бозҷӯӣ аз ин автомашина 3-адад пакети селофании ҳомили 29 килою 240 грамм ҳероин дарёфт ва мусодира гардида, алайҳи ронанда парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |