Яҳудиёни ифротӣ хонаводаи фаластиниеро оташ заданд

Ҳамлаи хасмонаи яҳудиёни ифротӣ ба хонаи яке аз сокинони шаҳри Наблуси Фаластин боиси ҳалокати кудаки ширхора шудааст.
Тибқи иттилои “ал-Ҷазира”, шоми 30 июл гуруҳе аз яҳудиён хонаи фаластиниеро дар шаҳри Наблус оташ задаанд, ки боиси ҳалокати кудаки 18-моҳаву бистарӣ шудани се узви дигари хонавода дар беморхона гардид.
Манбаъ такя ба масъулини беморхонаи Наблус вазъи саломатии ин санафар - Саъд Давобшаҳ, шаҳрванди 30-солаи Фаластин ҳамроҳ бо ҳамсару писари 4-солаашро вахим арзёбӣ карда, афзудааст, ки мутаносибан 70%,80% ва 50 дарсади баданашон сухтааст: "Фарзанди дуюми хонавода, ки 1,5 сол умур дошт, бар асари сухтани тамоми баданаш ҷон дод".
Ба қавли шоҳидони ҳодиса, шоми 30 июли соли равон гуруҳе аз яҳудиён тирезаи манзили ин сокини Фаластинро кубидаанд ва ҳангоми боз шудани он маводи худсохти оташангезро партофтаанд. Ҳамсуҳбатони “ал-Ҷазира” гуфтаанд, ин гуруҳи ифротиён ҳамзамон манзили зисти сокини дигари Наблусро оташ задаанд, ки хушбахтона соҳибхона ҳамроҳи хонаводааш дар меҳмонӣ будааст.
Пулиси Исроил низ ин ҳамларо хасмона хонда гуфтааст, аз сӯи яҳудиёни тундрав анҷом шудааст. Ин дар ҳолест, ҳамлагарон дар девори хонаҳо ибораҳоеро ба монанди “Интиқом!” ва “Зинда бод, Масеҳ!” навиштаанд.
Шаҳри Наблус дар каронаи бохтарии руди Урдун ҷойгир буда, бо доштани ҷамъияте наздик ба 135 ҳазор нафар яке аз муҳимтарин шаҳрҳои фаластиннишин ба шумор меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |