Тасдиқи “обулой”-и грантҳои президентӣ аз сӯи масъулину миёнаравҳо

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, мегӯяд, аз 118 гранти президентӣ, ки тайи солҳои 2013-2014 дар ҳаҷми 2,9 миллион сомонӣ барои занони кишвар ҷудо шудаанд, дар 22 ҳолат 500 ҳазор сомонии онро масъулину миёнаравҳо тариқи сохтакорӣ аз худ кардаанд.
Давлатзода, имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин сохтакориҳо зимни санҷиш дар Кумитаи кор бо занон ва оила Тоҷикистон ошкор шуда, то ҳол 68 ҳазор сомонии он ба буҷа барқарор карда шуд: “Дар кумитаи мазкур барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон, касбомузӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар солҳои 2013-2014 118 гранти президентӣ ба маблағи 2,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Аммо дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва беназоратии шахсони масъули соҳа аз ҷониби занҳои соҳибкор ва шахсони миёнарав бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохтакорона маблағҳои грантӣ дар 22 ҳолат дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ аз они худ карда шудаанд”.
Раиси Палатаи ҳисоб илова намуд, ки дар муҳосиботи Кумитаи кор бо занон ҳисоботи занҳои соҳибкори вилояти Бадахшон оид ба хараҷоти маблағҳои грантӣ дар 20 ҳолат ба маблағи 385 ҳазор сомонӣ умуман нест: “Ин маблағҳо бе ягон ҳуҷҷати асосшаванда аз эътибор соқит карда шудаанд”.
Давлатзода таъкид кард, ки дар маҷмуъ аз ҳисоби ин лоиҳаҳо 164 зани хонашин соҳиби ҷои кор гардидаанд, лекин бар замми ин камбудиҳое низ зимни санҷиш ошкор гардиданд.
Ӯ афзуд, барои пурра барқарор кардани маблағҳо ба Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мавод ирсол кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон низ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш тасдиқ кард, ки зимни тақсиму корбарии грантҳои президентӣ барои занон камбудиҳо ифшо шудаанд.
Хидирзода рӯзи 24-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, “мониторинги миёнадаврие, ки Кумита дар ин самт гузаронд, камбудиҳоро ошкор кард. Муроҷиати Кумита низ буд, ки дар ин самт маблағҳо барқарор карда шаванд. Айни ҳол вобаста ба ин кор тафтишот рафта истодааст”.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи “Озодагон” тайи чанд сол ба номи занҳо дар навоҳии Бадахшон “грантҳои президентӣ” ҷудо мешудаанд, аммо онҳоро кӣ мегирифтаасту дар куҷо истифода кардааст, то ҳол номаълум: “Ҳаҷми грантҳо аз 10 то 40 ҳазор сомониро барои як зан ташкил медодааст. Дар ҳисоботҳо номи соҳибкорзанон зикр шудааст, ки гӯиё бо “грантҳои президентӣ” дастгирӣ ёфтаанду корҳои муайянро анҷом додаанд. Аммо дар ноҳияҳо ин занонро касе намешиносаду маблағҳоро надидааст”.
Тавре маълум шуд, қаблан Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон низ бо як нома ба унвони Марҳабо Ҷабборзода, муовини сарвазири кишвар ба ин масъала дахл карда, иттилоъ додааст, ки қисме аз соҳибкорзанҳое, ки бо грантҳои президентӣ дастгирӣ ёфтаанд, маълум набуда, як гуруҳи онҳо дар қаламрави вилоят зиндагӣ намекунанд ва ё ин маблағҳоро аз номи онҳо касони дигар гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи занон дар шарҳи ин қазия ба “Озодагон” гуфт, ҳар камбудие, ки дар ҳар мақомот мешавад пеш аз ҳама камбудии роҳбарият аст ва афзуд, ки имсол назорати тақсиму корбарии грантҳои президентиро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд: “Аз 15-уми июн то 15 июли соли равон қабули лоиҳаҳо барои гранти президентӣ идома дошт ва ба комисияи грантӣ 245 лоиҳа ворид карда шуда, феълан комисия корашро оғоз кардааст.
Вобаста ба пурзур намудани фаъолият дар ин самт, тибқи қарори шурои Кумита талаботи иловагӣ ворид карда шуд. Аз он ҷумла ҳар як довталабе, ки лоиҳа пешниҳод кардааст, барои суҳбат ба комисия даъват карда мешавад. Дар оянда бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳамкориҳоро дар ин самт пурзӯр мекунем”.
Маврид ба зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2011 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон грантҳои президентӣ таъсис ёфтанд ва ҳамасола ба ин мақсад 2 миллион сомонӣ маблағи буҷа равона мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |