(ВИДЕО) Тоҷиксуғурта: “ТоҷикЭйр” ягон сомонӣ пардохт накардааст
“Тоҷиксуғурта” мегӯяд, аз оғози соли равон “ТоҷикЭйр” ба ин корхона маблағе пардохт накардааст.
Аловиддин Сатторӣ, директори КВД “Тоҷиксуғурта” дар нишасти хабарии имрӯз, 31 июл гуфт, аз моҳи январ то имрӯз “ТоҷикЭйр” ба корхона “ягон сомонӣ пардохт накардааст”. Ӯ афзуд, вобаста ба ин масъала ба ҳукумат, мақомоти дахлдор ва додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кардаанд.
Раҳбари “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, дар асоси қарори ҳукумат суғуртаи ҳатмии мусофирон амал мекунад ва ҳар нафаре, ки тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон парвоз мекунад, аз оғози сафар то расидан ба ҷои лозим, суғурта мешавад. Ӯ гуфт, ширкатҳо уҳдадоранд, ки онро иҷро намоянд, аммо “ҳар шаҳрванде, ки бо ҳавопаймои ширкати “ТоҷикЭйр” парвоз мекунад, бидонад, ки бо гуноҳи ин ширкат дар амал суғурта нашудаанд”.
Ҷаноби Сатторӣ мегӯяд, дар маблағи чиптаи мусофирон то ду фоиз маблағи суғурта нишон дода шудааст, ки ширкатҳо аз мусофирон меситонанд, аммо ба ширкатии давлатии “Тоҷиксуғурта” маблағ пардохт намекунанд.
Ӯ гуфт, дар гузашта бо фармони ҳукумати кишвар 25 миллион сомонӣ қарзи “ТоҷикЭйр” дар назди “Тоҷиксуғурта” аз эътибор соқит карда шуд, ки “ба вазъи молиявии корхона ва буҷаи ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонд. Умедворам, дар оянда ин масъала дигар рух намедиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |