Пешниҳод барои тағйири номи “Тоҷиксуғурта” ва 646 ҳазор кӯмакпулӣ ба селзадаҳо

Раҳбарияти корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” пешниҳод кардааст, ки номи ин корхона тағйир дода шавад.
Аловиддин Сатторӣ, раиси “Тоҷиксуғурта” имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки номи корхонаи зертобеяш ба “Бимаи миллии Тоҷикистон” иваз карда шавад.
Раиси “Тоҷиксуғурта” кишварҳои ҳамзабони мо-Эрону Афғонистонро мисол овард, ки ба ҷои суғурта калимаи бимаро истифода мекунанд ва корхонаҳои марбутаашон низ “Бимаи миллӣ” ном доранд.
Дар мавриди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кӯмак ба осебдидаҳо аз сел раиси “Тоҷиксуғурта” изҳор дошт, ки дар рӯзҳои аввал 490 ҳазор сомониро ҷамъоварӣ карда, ба селзадаҳои Бадахшон равон кардаанд: “Дар умум барои осебдидаҳо дар ҳамаи минтақаҳо 646 ҳазор сомонӣ кӯмак кардем. Ба оилаҳое, ки пурра зарар диданд, 4 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки қисман зарар диданд, ду ҳазор сомонӣ расондем”.
Раиси “Тоҷиксуғурта” таъкид намуд, ки кӯмакпулӣ сарфи назар аз он, ки зарардидаҳо бо ин корхона шартнома доштанд ё на, ироа гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |