Душанбе, 31 Марта 2025
Дар Косатароши Панҷакент як духтари 18-сола худкушӣ кардааст
Як ҷавондухтари 18-сола дар шаҳри Панҷакент худро дар оғилхонаашон овехтааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷасми беҷони ин духтарро шоми 29 июл наздиконаш аз оғилхона овехта ёфтаанд: “Ин духтар бошандаи ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент буд ва ҳоло муфатишон иллати аслии худкушии ӯро дақиқ мекунанд”.
Ин дар ҳолест, ки Ҳабибулло Воҳидов, додситони навтаъйини вилояти Суғд дар нишасти ахири хабариаш гуфт, дар 6 моҳи аввали соли равон дар қаламрави вилоят 136 нафар худкушӣ кардаанд, ки 55 нафарашро занҳо ва 81 каси дигарро мардон ташкил медиҳанд: “Вақте давоми 5 соли ахирро таҳлил намудам, ҳамин вазъи худкушӣ дар Суғд тағйир наёфтааст ва мо роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин амалро ҷустуҷӯ дорем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |