Давлатзода: Хатоиҳо дар Бонки Миллӣ ҳам боиси ҷаҳиши қурби $ шуданд
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб мегӯяд, қоидавайронкуниҳои кормандони Бонки Миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ дар баробари омилҳои берунӣ боиси афзоиши қурби доллар ва поин рафтани арзиши пули миллӣ- сомонӣ шудаанд.
Давлатзода, имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, амалиёти харидуфурӯши долларро дар Бонки Миллӣ санҷида, муайян кардаанд, ки 37 ташкилоти қарзӣ долларро аз ин ниҳод арзон харида, баъдан то 14 фоиз қиматтар мефурӯхтаанд. Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, дар робита ба қонуншиканиҳо зимни харидуфурӯши доллар нисбати 6 корманди Бонки Миллӣ санад тартиб дода, барои чораандешӣ ба Прокуратураи генералӣ равон кардаанд.
Масъулини Палатаи ҳисоб оғози парванда алайҳи Ҷамшед Юсуфиён, собиқ муовини раиси Бонки Миллиро рад карданд.
Дар маҷмуъ раиси Палатаи ҳисоб афзуд, ки фаъолияти 5 солаи Бонки Миллиро санҷида, дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ зарар ошкор кардаанд, ки аз ин 8-9 миллион сомонияш ба корҳои сохтмонӣ рост меояд: “Қисме аз ин маблағҳо барқарор шуда, чораандешӣ барои барқарор намудани маблағи боқимонда идома дорад”.
Ба суоли “Озодагон”, ки оё масъуле барои ин зараррасониҳо муҷозот шудааст, Давлатзода изҳор дошт, ки бояд масъулине, ки ин соҳаҳоро назорат мекардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |