ВИДЕО: Генпрокуратура дар бораи “парванда”-и Кабирӣ ва ҳамкорӣ бо "Мулло Абдулло"
Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, феълан алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Абдулҳасанов, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки “бевосита нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта наметавонем, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, лекин прокуратураи генералӣ дар мавриди хусусигардонии ғайриқонунии як бемористон, ки дорои 500 кат мебошад ва ғайриқонунӣ ба фуруш баровардани қитъаҳои замини ин иншоот санҷиш бурда истодааст ва феълан тафтиши пешакӣ идома дорад”.
Ин масъул дар мавриди қонуншиканиҳои аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ки то ҳол ошкор шудаанд, изҳор дошт, бисёрашон ҷиноятҳои махсус вазнин мебошанд: “Аз 45 ҷинояте, ки дар 5 соли охир ошкор шудаанд, 17 ададашон ҷиноятҳои махсусан вазнинанд, ки хусусияти экстремистӣ террористӣ доранд. Аз ҷумла куштори 25 сарбози 18-20-сола дар Рашт аз ҷониби гуруҳи “Мулло Абдулло”, ки бо кӯмаки раҳбари ҲНИТ дар Рашт содир шудааст. Номбурда ҳангоми расондани маводи тарканда ба гуруҳи Мулло Абдулло дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд”.
ВИДЕОИ суҳбати Абдулҳасанов дар бораи ҳамкории масъулини ҲНИТ бо террористон
Ин иддао дар ҳолеянд, ки ахиран “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот ӯро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.
Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |